- лутф
- [لطف]а1. кит. нармӣ, мулоимат, назокат; лутфи баён фасоҳати сухан, нозукбаёнӣ; лутфи маънӣ нозукбаёнӣ бо истифодаи калимаҳои зебои сермаъно; лутфи сухан назокат ва балоғат дар сухан, фасоҳати сухан, фасеҳбаёнӣ2. меҳрубонӣ, марҳамат, илтифот: лутфи модарона, лутфу меҳрубонӣ, лутфу марҳамат, лутфу навозиш; аз лутф // аз сари лутф аз рӯи меҳрубонӣ, лутф карда; ба лутф аз рӯи лутфу меҳрубонӣ3. карам, эҳсон, бахшиш: лутфи хуршед, борони лутф, нони лутф, лутфу карам, лутфу эҳсон; лутф кардан а) меҳрубонӣ кардан, илтифот нишон додан; б) эҳсон намудан, бахшидан; лутф намудан // лутф фармудан меҳрубонӣ кардан, илтифот намудан, марҳамат кардан
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.